Новости сайта

ДАСТУР БАРОИ ОМУЗГОР (ФОСИЛАВӢ)

 
Picture of Муҳибуллоев Баҳриддин Хайруллоевич
ДАСТУР БАРОИ ОМУЗГОР (ФОСИЛАВӢ)
 

Таҳсилоти  фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад. Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани логин ва рамзи раҳкушо (парол)-и ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда истифода намуд.