Новости сайта

Рушди фаъолияти иттилоотии донишҷўёни таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.

 
Picture of Муҳибуллоев Баҳриддин Хайруллоевич
Рушди фаъолияти иттилоотии донишҷўёни таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.
 

       Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фаъолияти иттилоотии донишҷўён дар низоми таҳсилоти фосилавӣ   Семинар омӯзишҳо бо тадбиқи технологияи информатсионӣ дар донишгоҳ гузаронида шуд.

          Давраи навбатии омӯзишии машғулияти компютерӣ ва барномаи таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷӯёни курси 1 ва омӯзгороне, ки дар низоми таҳсилоти фосилавӣ дарс мегузаранд аз 20-уми сентябри соли равон оғоз шуда буд.

       Ба донишҷӯён аз фанни Технологияи информатсионӣ Мудири бахши таҳсилоти фосилавӣ - Муҳибуллоев Баҳриддин Хайруллоевич дарс гуфта ва дар рафти дарсҳо тавассути барномаи махсуси таҳсилоти фосилавӣ дастрас намудани маводҳои таълимӣ, иҷрои корҳои назоратӣ ва супоридани тестҳоро  ба донишҷӯён омӯзонд ва қайд кард.
         Дониш
ҷӯён бояд аз технологияҳои иттилоотӣ огоҳ бошанд, ки ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа аз самаранок истифода бурдани технологияи информатсионӣ сахт вобастагӣ дорад.