Муассиси маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолии «Кишоварз» Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буда, он аз соли 1997 инҷониб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор мешавад. Маҷалла аз соли 2000 ба ҳайси маҷаллаи илмӣ эътироф гардидааст.
Мазмуну мундариҷаи маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолии «Кишоварз» аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, дар байни дигар маҷаллаҳои дар рўйхати КОА-буда, беҳтарин ҳисобида шуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Маҷалла аз нав ба муҳлати 5 соли дигар, яъне то моҳи июни соли 2029 ба рўйхати адабиёти тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Маҷалла 4-уми июли соли 2024 таҳти рақами №368 /МҶ-97 бо номи маҷаллаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон «Кишоварз» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инъикоси комёбиҳо ва дастовардҳои муосири илмӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва нашри корҳои илмии олимон дар бораи баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ номнавис карда шудааст. Дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда, бо додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ ба Феҳрасти давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Маҷалла дар Индекси иқтибосоти илмии Руссия № 187-06 / 2020 сабти ном шудааст.
Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ- сармуҳаррири маҷаллаи назариявию илмӣ – истеҳсолии «Кишоварз» мебошад. Салимзода Амонулло Файзулло- доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ- мушовири илмии маҷалла аст. Ба ҳайати таҳририяи маҷалла олимони шинохтаи кишвар ва олимони номдор аз Федератсияи Россия шомиланд.
Маҷаллаи «Кишоварз» мақолаҳои назариявӣ ва илмию амалиро оид ба самтҳои гуногуни кишоварзӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар ҳар се моҳ як маротиба чоп намуда, дастраси муштариёни худ мегардонад. Аз бахшҳои илмҳои кишоварзӣ (агрономӣ, боѓдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, зооинженерӣ, ветеринарӣ), муҳандисӣ (механиконии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ), иқтисодӣ (иқтисодиёт дар муҷтамеи агросаноатӣ) иборат аст.
Дар миқёси байналмилалӣ маҷалла мавқеи муайян дорад ва барои чоп унвонии нашрия аз кишварҳои дуру наздик ба идораи нашрия мақолаҳо ворид мешаванд. Аз аксар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ мақолаҳои зиёд ба унвонии редаксия меоянд.
Соли 2010 маҷалла ба рўйхати маҷаллаҳои пешбари Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, ки дар онҳо бояд мақолаҳои илмию амалӣ дар самти мавзуъҳои рисолаҳои номзадию докторӣ нашр гарданд, ворид гашту то 1 январи соли 2016 дар ин рўйхат буд.
Низомномаи маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолии «Кишоварз» дар Шурои олимони донишгоҳ 31.03.2021 тасдиқ гардидааст, ки он дар асоси Оинномаи донишгоҳ фаъолият мекунад. Барои беҳтар намудани шароити интишорӣ сомонаи маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолии “Кишоварз” фаъолият менамояд (сомонаи маҷаллаи «Кишоварз» htth:\\kishovarz.tojagroun.tj), ки дар баробари маълумоти лозима, инчунин теъдоди талаботи хонандагон ба мақолаҳои чопшударо низ муайян менамояд.
Мақолаҳои илмӣ то воридшавӣ ба идораи нашрия аз антиплагиат (асолати аслӣ) ва аз назари забоншиносону муқарризон мегузаранд, пас аз таҳрири пурра дар маҷалла интишор мешаванд. Маҷалла дар як сол 4 маротиба (ҳар семоҳа) дар ҳаҷми 400-430 саҳифа (50-53 ҷузъи чопӣ) нашр мешавад.
Тибқи таҳлили намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолии «Кишоварз» аз ҷиҳати сатҳу сифат миёни маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор дорад.