ҚОИДАҲО БАРОИ МУАЛЛИФОНИ
маҷаллаи назариявї ва илмию истењсолии «Кишоварз»-и
Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур
Мақолаҳо дар маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (вобаста ба самт) нашр карда мешаванд. Ҳар як мақолае, ки дар Маҷалла нашр мегардад бояд аз тақризи ҳатмӣ ва асолат (плагиат) гузарад. Дар Маҷалла танҳо мақолаҳои аслӣ, ки қаблан дар дигар нашрияҳо чоп нашудаанд, нашр карда мешаванд.
Адабиёт бояд на камтар аз 10 манбаъ бошад. Ҳадди ақал 50 фоизи онҳо дар тӯли 5 соли охир, аз ҷумла ҳадди ақал 3 манбаи хориҷӣ, ки ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризии Комиссия ва индекси глобалии иқтибосоварӣ Scopus ва Web of Science дохил карда шудаанд. Китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо, муқаррарот, стандартҳои давлатӣ, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, дастурҳо, манбаъҳои интернетии "бе муаллиф", маълумотномаҳо, маҷмуаҳои оморӣ, рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо) дар эзоҳ (дар поёни саҳифа) оварда шаванд.
Муаллиф барои дақиқӣ ва эътимоднокии маълумоти дар дастнависи мақола, ки ба матбааи Маҷалла фиристода шудааст, масъулияти комил дорад. Муаллифон бояд мутмаин бошанд, ки маводи аслӣ пешниҳод карда мешавад ва дар сурати истифодаи асар ё кори муаллифони дигар, бояд истинодҳо ё иқтибосҳои мувофиқи библиографӣ пешниҳод кунанд.
Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ё бевосита дар шакли электронӣ ва нусхаи чопӣ ба шуъбаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
Талаботи асосӣ ба мақолаҳои барои нашр дар Маҷалла пешниҳодшуда:
- мақола (ба истиснои тафсирҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад- Муќаддима (Introduction); маводҳо ва усулҳои тадқиқот (materials and methods); натиҷаҳо (results) Натиҷаҳои воқеии тадқиқотро пешниҳод кунед (матн, ҷадвалҳо, графикҳо, диаграммаҳо, муодилаҳо, аксҳо, расмҳо); хулоса (conclusion) Дорои хулосаҳои мухтасари бобҳои мақола бидуни такрори ибораҳо оварда мешавад;
- руйхати адабиёт (references):Тягунов, М.Г. Эффективность использования установок на основе возобновляемых источников энергии для зарядки электромобилей на территории России/М.Г.Тягунов, П.С.Шуркалов // Международный научный журнал Альтернативная энергетика и экология. –2015. –№10–11. – С.107-117. – DOI 10.15518/isjaee.2015.10-11.011;
- мақола бояд ба мавзуъ ва сатҳи илмии маҷалла мувофиқат кунад;
- мақола бояд бо риояи пурраи талаботҳо таҳия карда шавад;
- Андозаи коѓаз А4, ҳаљми матн 170x255 мм (бо нишондоди саҳифа), ҳаљми ҳарфҳо 12, бо интервали 1,5.
- сохтори мақола-Индекси ТДУ, сарлавҳаи мақола унвон (бояд иттилоотӣ ва то ҳадди имкон кӯтоҳ бошад) (ба забони аслии мақола), Муаллифон-ному насаб ва насаби муаллифон (ба забони аслии мақола); аннотатсия бо се забон (русї, тољикї ва англисї), маълумот оид ба муаллифон;
Абдулло Мамадамон Абдурахмонбек Абдулло Мамадамон Абдурахмонбек Abdullo Mamadamon Abdurahmonbek
н.и.т., дотсент, к.т.н., доцент Ph.D., associate professor
ДТТ ба номи академик М.С. Осими ТТУ имени акад. М.С. Осими TTU named after acad. M.S. Osimi
e-mail: mamadamonabdullo@gmail.com
ORCID Id 0000-0002-6253-5946